Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор мусаллаҳ дар Ҷалолобод


Дар маркази шаҳри Ҷалолобод чаҳор шаҳрванди мусаллаҳ бо гумони терроризм боздошт шуданд. Дар ин бора маркази матбуотии ВКД Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, ду боздоштшуда шаҳрвандони Қирғизистон ва дуи дигар шаҳрвандони Ӯзбакистонанд.

Пулис мегӯяд, эҳтимол дорад ин нафарон мехостанд, дар шаҳр амали террористӣ анҷом диҳанд. Зеро аз боздоштшудагон аслиҳа ва тир мусодира шудааст.

Бар пояи хабарҳо, онҳо дар яке аз манзилҳои бинои баландошёна мезистаанд. Ду нафари онҳо дар кӯча ва дуи дигар дар манзил боздошт шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG