Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни сӯхтори Ҷазон афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар бемористони шаҳри Ҷазон, воқеъ дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии Арабистони Саъудӣ, ба 31 нафар расид. Мақомоти кишвар гуфтанд, дар ин оташсӯзӣ, ки субҳи барвақти рӯзи панҷшанбе, 24 декабр дар ду шӯъбаи бемористон рӯй дод, беш аз сад каси дигар бо ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ба дигар бемористонҳо интиқол дода шуданд.

Наҷотбахшон гуфтанд, ки сӯхтор фурӯ нишонда шуд ва акнун мақомоти тафтишотӣ бояд сабабҳои рӯй додани ин ҳодисаро муқаррар кунанд. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин ҳодисаи оташсӯзӣ дар Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир аст.

Имсол дар Арабистони Саъудӣ чанд ҳодисаи мудҳиши дигар ҳам рӯй дод, ки бузургтаринаш ҳалокати 111 нафар аз зоийрони Хонаи Худо дар Макка бар асари ба замин сарозер шудани крани сохтмонӣ буд. Дар пайи ин ҳодиса, ки дар маросими Ҳаҷҷи Акбар дар моҳи сентбяр рӯй дод, 2411 нафар зери пойи издиҳоми бузург монда ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG