Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи ҳавопаймои ИМА ба мавқеъи толибон


Нерӯҳои афғон дар Ҳилманд
Нерӯҳои афғон дар Ҳилманд

Ҳавопаймои ҷангии амрикоӣ ба мавқеъҳои толибон дар волусволии Сангини вилояти Ҳилманди Афғонистон ду зарба зад. Дар ин бора намояндаи Амрико дар ҳайати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон рӯзи 24 декабр хабар дод.

Набардҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва толибон барои Сангин, минтақаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Ҳилманд, идома доранд. Толибон мегӯянд, ки онҳо волусволии Сангинро тақрибан таҳти назорат доранд ва идораи полису дигар биноҳои маъмурии маркази шаҳрро ошғол кардаанд. Аммо манасабдорони афғон мегӯянд, ки инро рад карда мегӯянд ситезаҷӯёнро аз маркази волусволӣ берун кардаанд.

Намояндаи Амрико дар ҳайати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки зарбаҳои ҳавопаймои ҷангӣ қабл аз нимашаби 24 декабр зада шудаанд.

Сангин, ки аз манотиқи муҳими кишти хашхош дар Ҳилманд аст, дар марз бо Покистон қарор дорад ва аз роҳҳои асосии интиқоли маводи мухаддир ва дигар тиҷоратҳои сердаромади ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG