Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димишқ ба музокироти сулҳ омода аст


Валид ал-Муаллим

Валид ал-Муаллим

Сурия изҳор намуд, ки барои ширкат дар музокироти сулҳ бо мухолифин омода аст. Қарор аст, ки гуфтушунидҳо охири моҳи январ дар Женева таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид сурат бигиранд.

Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои чиноияш Ванг Йи дар Пекин рӯзи 24 декабр изҳори умедворӣ кард, ки музокирот ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард. Вазир афзуд, ки Димишқ ба дахолати беруна ба гуфтушунид иҷоза нахоҳад дод. Ҳайати ҳукуматӣ баъд аз он тасдиқ карда хоҳад шуд, ки мухолифин рӯйхати худро пешниҳод кунанд, гуфт Валид ал-Муаллим.

Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи 18 декабр бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Дар қатънома ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайри фирқаӣ" дар шаш моҳи оянда ва баргузории интихоботи озоду одилона бар пояи Қонуни асоси нав тайи 18 моҳ пешбинӣ шудааст.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Суряи дасти кам 250 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд ва беш аз 3 миллион нафар овора шуданд.

XS
SM
MD
LG