Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари президент фавт кард


Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон

Шаби гузашта Ибодулло Каримов, бародари калонии раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар синни 91-солагӣ дар шаҳри Самарқанд даргузаштааст.

Бино ба иттилои бахши узбакии Радиои Озодӣ Ибодулло Каримов ба ҳайси омӯзгор дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Самарқанд фаъолият карда, Ислом Каримов гоҳе-гоҳе ба зиёрати бародараш меомадааст. Ҳоло маълум нест, ки Президент Каримов дар ҷанозаи бародараш ширкат мекунад ё на.

Гуфта мешавад, Ислом Каримов дар ҷанозаи падараш Абдулғанӣ ширкат накарда, дар ҷанозаҳои модараш ва бародари дигараш ҳудуди 10 дақиқа ҳузур доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG