Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии созишномаҳои CASA-1000 дар парлумон


Нақшаи хатти интиқоли неруи барқи CASA-1000
Нақшаи хатти интиқоли неруи барқи CASA-1000

Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаҳои ин кишвар бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.

Дар иҷлоси парлумон дар рӯзи панҷшанбеи24 декабр 7 созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик” бо Анҷумани байналмилалии рушд, Бонки рушди исломӣ, Бонки рушду бозсозии Аврупо ва Бонки сармоягузории Аврупо ба аксари кулли орои вакилон тасдиқ гардид.

CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки сохтани хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Покистон аз тариқи Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Дар доираи тарҳи (CASA-1000) хатти баландшиддати 1200 километра бо бунёди се истгоҳи интиқоли барқ сохта хоҳад шуд, ки ҳангоми тобистон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ захоири барқи худро дар фасли тобистон ба Покистону Афғонистон бифурӯшанд

Дар назар аст,тавассути ин хатти баландшиддати мавсум ба CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба миқдори 1300 Мегаватт неруи барқ ба Афғонистону Покистон интиқол шавад.

Сармояиин тарҳ 1 миллиард доллар арзёбӣ шуда, саҳми Тоҷикистон 314 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG