Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта дар таркиши фурудгоҳи Истамбул


Дар дуввумин фурудгоҳи бузурги Туркия дар шаҳри Истамбул дар таркише як нафар кушта ва як нафари дигар маҷруҳ шудааст. Мақомоти интизомӣ расидагиро идома медиҳанд, то маълум шавад, ки ин таркиши бам будааст ё хайр. Таркиш бомдоди 23 декабр дар фурудгоҳи Сабиҳа Гукчен рух додааст.

Ҳангоми таркиш дар атроф мусофирон набудаанд. Қурбониёни таркиш кормандони рӯбу чини фурудгоҳ мебошанд. Пулис тадибири амниятиро тақвият додааст ва даромадгоҳҳоро ба назорат гирифтааст. Мошинҳоро ҷустуҷӯ мекунанд ва чархболе дар болои фурудгоҳ ба парвоз даромадааст.

Дар Туркия маъмулан таркишҳоро тундравҳои курд, чапгароён ва тундравҳои исломӣ анҷом медиҳанд. Муноқишаи байни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей ва ҳукумати Туркия аз 30 сол ба ин сӯ идома дорад ва баъд аз нақзи оташбаси ҷонибҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ дар манотиқи курднишин дар ҷанубу шарқи кишвар хушунатҳо оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG