Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти Ходорковский содир шуд


Додгоҳи Русия ҳукми боздошти Михаил Ходорковский-ғули пешини иқтисодии Русияро содир кардааст. Матбуоти Русия аз номи Владимир Маркин-сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия 23 декабр навишт, ки додгоҳ барои боздошти Ходорковский дархости байналмиллалӣ содир кардааст. Ходорковский бештар дар Лондон зиндагӣ мекунад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ бозрасон Ходорковскийро муттаҳам карданд, ки вай дар соли 1998 дар куштори як шаҳрдори Сибир даст дорад. Ходорковскийро соли 2013 Путин мавриди афв қарор дод.

Аммо ин марди замоне сарватмандтарини Русия ин иттиҳомотро рад мекунад. Вай ҳамчунин Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро муттаҳам кард, ки Қонуни Асосии Русияро поймол менамояд ва кишварро ба харобӣ мебарад.

22 декабр бозрасон дар хонаи баъзе аз кормандони хайрияе, ки замоне Ходорковский ташкил дода буд, амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG