Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳаи Орук-Тами ноҳияи Норини Қирғизистон баъд аз ҳамлаи гургҳо ду нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Кенҷабой Қодиров, коршиноси идораи маорифи ноҳияи Норин гуфтааст, соати 7-и субҳи 23 декабр ду гург дар кӯча ба фарроши мактаби деҳа ва як раҳгузари дигар ҳамла кардаанд.Танҳо таҷаммӯъи фаврии одамонин ду нафарро аз марг наҷот додааст.

Дар авоили соли ҷорӣ дар ноҳияи Норин ҳодисаҳои ҳамлаи гургҳо ба чорвои ҷамъиятӣ рух дода, хисороти ворида аз ин ҳамлаҳо 12 миллион сомро ташкил додааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургҳо гурӯҳҳои шикорчиён ташкил шуда ва онҳо дар соли ҷорӣ 18 гургу 42 гургбачаро нобуд кардаанд. Тибқи муқаррароти ҳукумати Қирғизистон, ба шикорчӣ барои нобуд сохтани як гург 5 ҳазор сом пардохт мекунанд.

XS
SM
MD
LG