Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти собиқ муовини нахуствазири Ӯзбакистон


Пулиси Русия дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав Валерий Атаев, муовини нахуствазири пешини Ӯзбакистонро боздошт кардааст.

Хабаргузориҳои Русия аз қавли мақомоти ниҳодҳои қудратии шаҳри Маскав гуфтаанд, ки Валерий Атаеви 67-сола дар Ӯзбакистон ба ҷурми масрафи ғайримуассири маболиғи буҷетӣ ва сӯйиистифода аз мансаб муттаҳам шудааст.

Ин манобеъ гуфтаанд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷаноби Атаев шаҳрванди Русия маҳсуб мешавад, ин шахс ба Ӯзбакистон истирдод нахоҳад шуд. Додситонии ноҳияи Гагарини шаҳри Маскав ин қазияро баррасӣ хоҳад кард.

Қаблан Валерий Атаев дар мақомҳои раиси ширкати “Узнефтогаз”, вазири энерҷӣ ва муовини нахуствазири Ӯзбакистон фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG