Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия дар Бушаҳр ду реактори нав месозад


Нерӯгоҳи Бушаҳри Эрон

Нерӯгоҳи Бушаҳри Эрон

Русия ҳафтаи оянда ба бунёди ду реактори нави ҳастаӣ дар Эрон шурӯъ мекунад. Дар ин бора рӯзи 22 декабр муовини раиси Оҷонси нерӯи ҳастаии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ хабар дод. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Меҳр ӯ гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба рушди саноати ҳастаии Эрон мусоидат мекунад.

Соли гузашта Маскаву Теҳрон дар бораи бунёди ду реактори нав дар нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр, воқеъ дар ҷанубу ғарби Эрон, ба созиш расида буданд.

Вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров рӯзи 22 декабр гуфт, ки Русия соли оянда ба Эрон ба маблағи 5 миллиард доллар қарзи давлатӣ медиҳад. Гап сари қарзе меравад, ки кафолати баргардонаш бар ӯҳдаи ҳукумати Эрон аст, гуфтааст вазир дар хабаргузории РИА Новости.

Асноди пешакӣ дар бораи ироаи қарзи Русия ба Эрон дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Теҳрон дар поёни моҳи ноябри соли равон имзо шуда буданд.

XS
SM
MD
LG