Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 млн $ қарзи Бонки Аврупо ба "Ҳумо"


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) рӯзи 22 декабр аз тариқи сомонаи расмиаш хабар дод, ки барои иҷрои барномаҳои марбут ба асароти тағйири иқлим ба “Ҳумо”, як ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон 2 миллион доллар қарз ҷудо кардааст. “Ҳумо” сеюмин созмони бузурги ғайрибонкии Тоҷикистон аст, ки дар риштаи ироаи қарзҳои хурд кор мекунад. Ричард Ҷонс, раҳбари намояндагии БАБР дар Душанбе изҳори умед кардааст, ки “Ҳумо” аз ин 2 миллион қарзи бонки Аврупо барои расидагӣ ба чолишҳои марбут ба тағйири иқлим ба таври муассир истифода хоҳад бурд. Мавсуда Вайсова, мудири кулли “Ҳумо” бо изҳори ифтихор аз мушорикат дар барномаи нави БАБР гуфт, ин пулҳо барои масоиле, чун фанновариҳои навин, рушди манобеи алтернативии энержӣ, ҷорӣ кардани шеваҳои муассири киштукор ва боло бурдани маҳсули кори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳо истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG