Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кофтукоби манзили кормандони "Русияи боз"


Михаил Ходорковский

Михаил Ходорковский

Муфаттишони рус манзили чанд корманди бунёди хайрияеро, и аз сӯи мунаққиди Кремл ва раҳбари пешини ширкати “ЮКОС” Михаил Ходорковский маблағгузорӣ мешавад, кофтукоб карданд. Бунёди “Русияи боз” рӯзи 22 декабр хабар дод, ки кофтукоби манзили кормандонаш бино ба парвандаи ҷиноии соли 2003 ифтитоҳшуда сурат гирифтааст – аз рӯи ин парванда Михаил Ходорковский даҳ солро пушти панҷара сипарӣ кард.

Кумитаи тафтишоти Русия кофтукоб дар манзилҳои кормандони “Русия боз”-ро тасдиқ кард. Вакили мудофеи бунёди хайрия Сергей Бадамсин дар Твиттер навишт, ки манзили дасти кам ҳафт корманди бунёдро кофтукоб карданд.

Даҳ рӯз пеш мақомоти Русия Михаил Ходорковскийро дар ғайбаш дар ташкили куштори мири шаҳри Нефтеюганск Владимир Петухов айбдор кард​анд. Аммо Ходорковский, ки ҳоло асосан дар Лондон ба сар мебарад, иттиҳомро рад кардааст. Дар робита ба кофтукоби манзили кормандони бунёди “Русияи боз” ӯраисиҷумҳур Владимир Путинро дар нақзи Қонуни асосӣ ва ба тахриби ботадриҷи Русия айбдор кард.

XS
SM
MD
LG