Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон талоши музокирот бо Ар-Риёзро дорад


Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ
Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ

Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ки талоши ифтитоҳи музокироти мустақим бо Арабистони Саъудӣ ба хотири ҳалли мушкилоти минтақаиро мекунад. Изҳороти вазорат рӯзи 21 декабр нашр шуд.

Эрони асосан шианишин ва Арабистони Саъудии суннимазҳаб дар низоъҳои минтақаӣ дар Сурия, Ироқ ва Яман ва Баҳрайну Лубнон пушти сангарҳои мухталиф қарор доранд. Эрон аз ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ пуштибонӣ мекунад ва ба низомиёни ин кишварҳо дар мубориза бо гурӯзҳи “Давлати исломӣ” машваратҳо медиҳад. Ар-Риёз аз баъзе гурӯҳҳои ошӯбгари мухолифи ҳукумати Димишқ ҷонибдорӣ мекунад ва ба хотири мубориза бо шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳусӣ дар Яман эътилоф таъсис кардааст.

Ба гуфтаи Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, қарор аст ба зудӣ сафири нави Арабистони Саъудӣ дубора ба Теҳрон баргардад. Сафири феълии Саъудӣ як сол пеш пойтахти Эронро тарк карда буд.

Ансорӣ аз интиқоди бевоситаи Арабистони Саъудӣ барои таъсиси Эътилофи зиддитеррористӣ, ки ба он 34 кишвари суннинишин ба ҷуз Эрону Ироқ ва Сурия бояд шмил шаванд, худдорӣ намуд. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки Ар-Риёз набояд аз "меъёрҳои дугона" кор бигирад ва бо ишора ба нақши Арабистони Саъудӣ дар кӯмак ба ошӯбгарони суриягӣ афзуд, саъудиҳо бояд ба якпорчагиву истиқлоли кишварҳое арҷ гузоранд, ки дар онҳо амалиёти низомӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG