Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД ба ҳолати омодабош оварда шаванд.

Ӯ гуфтааст: "вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби нирӯҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 21 декабр дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав суханронӣ мекард, ширкати бархе аз шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД дар муноқишаҳои низомии минтақаро барои ин созмон омили хатарнок хондааст.

Бино ба иттилои мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, умдатан ҷавонон, дар суфуфи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” дар ҷангҳо алайҳи нирӯҳои давлати Сурия ширкат доранд. Ба гуфтаи ин мақомот, аз ин теъдод дар ҷараёни ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ 150 нафар кушта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин,дар мавриди ифшою муҷозот кардани мубаллиғони гурӯҳҳои тундраву террорист, ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақвияти неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатароти нав ибрози назар кардааст.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишварҳои узви СПАД ибрози нигаронӣ мекунад, мақомоти вазорати дифоъи Русия ва коршиносони аршади ин кишвар аз хатарҳо ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон ҳушдор додаанд.

Аз ҷумла, Алексей Подберезкин, раҳбари Маркази таҳқиқоти низомию сиёсии Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав (МГИМО)дар аволии моҳи ҷорӣ гуфта буд,имкон дорад ДОИШдар Афғонистон нуфузи бештар пайдо карда, барои ташкили бахшҳои худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ талош кунад.

Дар пайи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар авохири соли гузашта борҳо мақомоти ниҳодҳои низомию амниятии Русия низ дар мавриди хатарҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористии Толибону “Давлати исломӣ” ҳушдор додаанд.

Аммо масъулони вазорати дифои Тоҷикистон дар посух гуфта буданд, ки неруҳои қудратии кишвар тавони вокуниши сареъ ба ҳар гуна ҳамалот аз берунро доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои рӯзномаи “The Times”, ҷангҷӯён бахше аз қисматҳои 4 вилояти шарқи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварда ва ҳамакунун барои тасарруфи шаҳри Ҷалолобод, маркази вилоти Нангарҳор омодагӣ мегиранд.

Ба навиштаи ин нашрия, теъдоди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон 1600 нафар арзёбӣ шуда ва бо гурӯҳҳои Толибон ва Ал-Қоида равобити наздик дорад.

Вазорати дифои Тоҷикистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар иртибот ба ҳушдори Николай Бортников, раҳбари Хадамоти федеролии Русия дар мавриди таҳдиди гурӯҳҳои Толибон ва “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки “нирӯҳои марзбонӣ ва низомии кишвар омодагии ҷиддӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳадотро рӯйи даст гирифтаанд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG