Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон бо Иттиҳодияи Аврупо қарордод имзо кард


Федерика Могеринӣ ва Эрлан Идрисов

Федерика Могеринӣ ва Эрлан Идрисов

Қазоқистон ва Иттиҳодияи Аврупо қарордодеро дар бораи робитаҳои наздиктар бо якдигар имзо карданд. Ин қарордодро Федерика Могеринӣ-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Эрлан Идрисов-вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон имзо карданд.

Остона ва Бруссел бо имзои ин қарордод ба музокироти чаҳорсола нуқта гузоштанд. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад бо Қазоқистон, ки дар минтақа иқтисоди қаввӣ дорад, ҳамкориҳояшро густариш диҳад.

Ин қарордод мисли қарордодест, ки Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамсояҳои шарқии худ, яъне ба Украинаву Гурҷистон ва Молдова пешниҳод карда буд.

Дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Қазоқистон дар бораи робитаҳои наздиктар сӯҳбат мекунанд, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия робитаҳои кишвараш бо Қазоқистонро ба унвони кишвари аслии узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ситоиш кард. Дар ин иттиҳодия Русияву Беларус, Арманистонва Қазоқистону Қирғизистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG