Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбандӣ дар Ӯзбекистон барои набудани газ


Ба иллати набудани газ наздики 200 сокини биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Қиргулини шаҳри Фарғона дар шарқи Ӯзбекистон ба кӯча баромада, роҳи мошингарди Марғелонро, ки дар 9-километрии Фарғона ҷойгир аст, бастанд.

Роҳбандӣ як соат давом кард. Ҷамъомадагон баъди ваъдаи мақомоти маҳаллӣ дар мавриди тақсими балонҳо газ ба эътирозгарон, пароканда шуданд.

Хабар дода мешавад, норозигии сокинон чанд рӯз аст, ки идома дорад.

«Норозигӣ ҳамарӯза мушоҳида мешавад. Ҳамаи сокинони биноҳои баландошёна ба кӯча мебароянд, пулис меояд ва ҳамаро дубора ба хонаҳояшон меронад. Газ нест, ки нест», - гуфт як манбаъ дар Фарғона бидуни зикри номаш.

Мақомоти шаҳрӣ тасдиқ карданд, ки дар ноҳияи Қиргулин набуди газ мардуми норозиро ба кӯча баровардааст.

Ин бори аввал нест, ки мардум аз набудани газ дар Ӯзбекистон эътироз мекунанд. Соли гузашта сокинони деҳаи «Хитой» дар ноҳияи Багати вилояти Хоразми шимолу ғарби Ӯзбекистон роҳи мошингардро бастанд ва аз набудани газ эътироз карданд. Занони эътирозгар танҳо баъди ваъдаи мақомот дар мавриди расонидани ангишт ва балонҳои газ пароканда шуданд.

Дар соли 2013, баъди эътирози сокинони Самарқанд аз набудани газ ва нерӯи барқ мақомоти маҳаллӣ маҷбур шуданд интиқоли газро аз сар гиранд.

XS
SM
MD
LG