Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ИА ва Осиёи Миёна дар Остона


21 декабр дар Остона мулоқоти сатҳи вазирон дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» бо ширкати намояндагони минтақа ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.

Ҳайати Аврупоро Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ва ҳайатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои вазорати хориҷаи Ӯзбекистон, масоили рушди баъдинаи ҳамкории байниминтақавӣ дар бахшҳои гуногун, табодули афкор дар мавзуъҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар ин дидор баррасӣ мешавад.

Эҳтимол меравад, дар доираи ташрифи Федерики Могерини дар Остона миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо шартномаи шарикӣ ва ҳамкории густарда ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG