Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек "бомбагузор"-и фурудгоҳи Манасро меҷӯяд


Ниҳодҳои амнияти давлатии Қирғизистон таҳқиқ ва ҷустуҷӯи муаллифи беноми хабареро шурӯъ карданд, ки 20 декабр аз коргузорӣ шудани бомба дар фурудгоҳи байналмиллалии «Манас» огаҳ кардааст.

Тибқи иттилои авалия, хабари бардурӯғ аз IP - нишонаи ношинос ба суроғаи электронии маъмурияти фурудгоҳ фиристода шудааст.

Ба маҳалли фурудгоҳ ниҳодҳои марбутаи КДАМ Қирғизистон фиристода шуданд. Дар ҷараёни бозрасии муштараки бинои фурудгоҳ ва ҳавопаймоҳои ба парвоз омодашуда якҷо бо ВКД ва Идораи амнияти ҳавоии фурудгоҳи «Манас» нишоне аз таҷҳизоти тарканда пайдо нашудааст. Ҳоло фурудгоҳи «Манас» ба фаъолияти маъмулӣ пардохтааст, аммо тадбирҳои амниятӣ тақвият дода шудаанд.

Мақомот ёдовар мешаванд, ки хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ тибқи қонун ҷазо дода мешавад. Барои ин гуна «ҳазлҳо» ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG