Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон вулусволии Сангини Ҳилмандро гирифтанд


Толибон яке аз вулусволиҳои стратегӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварданд. Муҳаммадҷон Расулёр-муовини волии вилояти Ҳилманд 21 декабр гуфт, ки шӯришиёни Толиб баъд аз чанд рӯзи даргириҳо вулусволии Сангинро ба забт кардаанд. Расулёр гуфтааст, ки танҳо биноҳои артишро шӯришиён гирифта натавонистаанд.

Ҷангҳо то ҳол идома дорад. 19 декабр Расулёр дар як иқдоми ғайримаъмулӣ аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода кард ва ба президент Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки Ҳилманд дар хатар аст ва агар ҳукумати марказӣ кӯмак нафиристад, ин вилоят ба дасти Толибон суқут хоҳад кард.

Ҳилманд пойгоҳи муҳими Толибон аст ва дар он ҷо бахши аслии маводи мухаддири ҷаҳон парвариш мешавад ва пули он ба ҷайби Толибон мерезад.

XS
SM
MD
LG