Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳавоии Русия дар шимоли Сурия


Идлиб, 20 декабр

Идлиб, 20 декабр

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия шаҳри зери контроли шӯришиён дар шимоли Сурияро бомбборон кардаанд. Бозори пуродами шаҳр, чанд бинои ҳукуматӣ ва манзилҳои зист ҳадафи ин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Дар бораи шумораи кушташудагон гузоришҳои зиддунақиз нашр шудааст. Маркази нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, ки 36 нафар кушта, шумораи зиёд ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо хабаргузории Ройтерз навиштааст, ки қатли 43 нафар таъйид шудааст ва ҷасади 30 нафари дигарро бояд пайдо ва ҳуввияти онҳоро дақиқ кунанд.

Бино ба хабари Ройтерз, 150 нафар захмӣ шудаанд. Ҷароҳати баъзе аз онҳо ҷиддист. Захмиҳоро барои муолиҷа ба шифохонаҳои Туркия фиристодаанд.

Аз сӯи дигар, артиши Сурия бо ҳимояти нируҳои ҳавоии Русия 20 декабр шаҳраки Хон Тумонро дар ҷануби шаҳри Ҳалаб ба назорати худ даровардаанд ва роҳро барои пешравӣ ба Ғарб ба сӯи вилояти Идлиб боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG