Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду рӯзи ахир дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон чор нафар кушта ва ду тани дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “рӯзи 19 декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Заргар ба самти маркази шаҳр, дар ҳудуди кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 46-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манобеъ, “рӯзи 20 декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди”, марди 47-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат намудан аз самти кӯчаи С.Раҷабов ба самти деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст, ки симчӯби мазкур ба болои пиёдагард, марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия афтидааст. Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофирони дохили автомашинаи мазкур ду ҷавони 20-сола, сокинони ноҳияи Ҳисор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.

Ба иттилои ин масъулон, дар ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ба автомашинаи тамғаи “Чимбей”, ки ба марди 47-солаи сокини ноҳияи Истаравшан тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тавр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини ноҳия Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қалъаи-Сурх ба самти деҳаи Ҷарбуҷи ноҳияи Қубодиён пиёдагард, марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG