Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар дохили ошхонаи “Ҳоҷиён” дар бозори “Саховат”-и Душанбе ва аз манзили як қочоқбар 5 418 дона ҳаби (таблетка) мадҳушкунандаи экстазӣ кашф ва мусодира шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бузургтарин миқдори ҳабҳои экстазӣ аст, ки дар соли 2015 дар ҳудуди Тоҷикистон мусодира шудааст.

Ҷаноби Раҳматуллоев гуфт, кормандони зудамали оҷонсӣ бо ошкор шудани нафари ҳабфурӯш рузи ҷумъаи гузашта ӯро дар дохили ошхонаи бозори "Саховат" ҳангоми фурӯши маводи мухаддир боздошт карданд.

Ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни тафтишот ва барои ошкор кардани ҳамкорони афроди боздоштшуда номи насабу ӯ ифшо нашудааст.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, кормандони ин ниҳод худро ҳамчун харидори ҳабҳои экстазӣ муаррифӣ намуда, як марди 46-сола аз ноҳияи Рудакиро бо борхалтаи ҳомили 3 587 ҳаби “экстазӣ” боздошт карданд.

Баъдан мақомот дар манзили зисти ҳабфурӯш, аз дохили мошини дарздӯзӣ қариб 2 ҳазор ҳаби дигар дарёфт кардаанд.

Сокини ноҳияи Рудакӣ қасд доштааст, ин миқдори зиёди ҳабҳои экстазиро дар дискотекаҳо ва муассисаҳои дилхушии пойтахт ба савдо занад.

Феълан сокини ноҳияи Рудакӣ дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигаҳдорӣ шуда ва шӯъбаи тафтишотӣ зидди ӯ ба иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG