Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти сулҳи Яман бидуни созиш поён ёфт


 Исмоил Оулд Шайх Аҳмад

Исмоил Оулд Шайх Аҳмад

Музокирот оид ба қатъи низоъ дар Яман рӯзи 20 декабр бидуни созиш поён ёфт. Ҷонибҳои музокирот тасмим гирифтанд, ки гуфтушунидро рӯзи 14 январи соли оянда дар Швейсария идома диҳанд. Дар ин бора намояндаи вижаи СММ дар умури Яман Исмоил Оулд Шайх Аҳмад ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфтушуниди сулҳ дар рустои Маколини Швейсария рӯзи 15 декабр шурӯъ шуда буд.

Ба иттилои СММ, музокироти сулҳ миёни низомиёни ҷонибдори ҳукумат ва шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳӯсӣ дар ҳоле анҷом ёфт, ки дар Яман миёни ду гурӯҳ даргириҳои шадид сурат гирифтанд. Манбаъҳои низомӣ мегӯянд, ки бар асари даргириии шадид миёни нерӯҳои собиқ ба раисиҷумҳур Абдрабу Мансур Ҳодӣ ва шибҳанизомиёни ҳӯсӣ дар шаҳри Ҳаҷҷаи воқеъ дар наздикиҳои марзи Арабистони Саъудӣ 28 афсару сарбози ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Ошӯбгарони ҳӯсӣ мегӯянд, ки онҳо 40 низомии худро талаф додаанд.

Дар ин низоъ Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ аз раисиҷумҳури қонунии Яман Абдрабу Мансур Ҳодӣ пуштибонӣ мекунад.

Ба иттилои СММ, шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар набардҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарони ҳӯсӣ дасти кам 5884 нафар кушта шуданд. Талафот миёни мардуми осоишта баъд аз он афзоиш ёфт, ки ҳавопаймоҳои Эътилоф ба зарбаҳо ба мавқеъҳои ҳӯсиҳо шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG