Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои ширкати Air France, ки аз Маврикия ба Порис парвоз мекард, баъд аз ошкор шудани як бастаи машкук дар Кения ба таври изтирорӣ фуруд омад. Намояндаи полис Чарлз Овино рӯзи 20 декабр гуфт, ки ҳавопаймои Боинг 777-и ширкати Air France бо 459 мусофир ва 14 сарнишин, ки бояд дар фурудгоҳи Шарл-де-Голли Порис фуруд меомад, дархости нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Мои кард. Ҳама мусофирон ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Бастаи шубҳаовар, ки гуфта мешавад бомба аст, дар ҳуҷраи дастшӯии ҳавопаймо ошкор гардид. Чарлз Овино гуфт, акнун мутахассисон муқаррар мекунанд, ки ин баста воқеъан бомба аст ва дар дохили ҳавопаймо ягон маводи дигар таркана гузошта шудааст ё на.

Аз ин пеш ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синойи Миср ба замин сарозер шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ҳавопаймо бомба мунфаҷир шудааст, аммо комиссиюни махсуси кумитаи тафтишоти Миср инро тайид накардааст.

XS
SM
MD
LG