Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Террористҳо ба Русия таҳдид мекунанд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки террористҳо ба таври мустақим ба Русия таҳдид мекунанд. Ӯ рӯзи 19 декабр дар нишасти тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амниятӣ дар Кохи Кремл гуфт, ки террористҳо ба ҳама тамаддун ва ҷомеъаи ҷаҳонеӣ ҷанг эълон кардаанд. Нақшаҳои онҳо ба кишвари мо таҳдид мустақим доранд, афзуд Владимир Путин.

Сарвари Русия таъкид кард, ки Русия дар амалиёти низомӣ дар Сурия дар сурати зарурӣ аз васоили иловагии низомӣ кор мегирад. Аммо ӯ нагуфт, ки гап сари кадом васоили низомӣ меравад.

Путин аз мақомоти амниятӣ даъват кард, ки дар фаъолияти худ ба эмисарҳои террористҳо ва онҳое, ки ба ҷалби одамон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ машғуланд, аҳамияти хоса диҳанд.

XS
SM
MD
LG