Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон уранро ба Русия интиқол медиҳад


Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ

Эрон рӯзҳои наздик бештари урани ғанигардонидашударо ба Русия интиқол медиҳад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони нерӯи ҳастаии Эрон рӯзи шанбе, 19 декабр ба хабаргузориии давалтии ИРНА гуфт, содироти тақрибан нӯҳ тонна урани ғанигардонидашуда ба Русия ба хотири лағви таҳримҳои байнулмилалӣ дар чаҳорчӯби созиши ҳастаи миёни Эрон ва шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон сурат мегирад. Бар пояи ин созиш, ки тобистони соли равон дар шаҳри Вена ҳосил шуд, Эрон бояд захираи урани ғайнигардонидашудаи худро то 300 кило коҳиш диҳад.

Раиси МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии нерӯҳои ҳастаӣ Юкио Амано, ки масъулияти назорати иҷрои созиши ҳастаӣ аз сӯи Эронро бар дӯш дорад, ахиран изҳор намуд, имкон дорад таҳримҳо алайҳи Теҳрон моҳи январи соли оянда лағв карда шаванд.

Эрон ба ивази урани ғанигардонишуда аллакай аз Русия “кеки зард”, консентрати ғайнинашудаи уранро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG