Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви тақрибан 200 ҷангии ДИИШ дар Найнаво


Стиф Уоррен
Стиф Уоррен

Бар асари зарбаҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА ҳангоми як задухӯрди шадид дар шимоли Ироқ тақрибан 200 тан аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) кушта шуданд.

Полковник Стиф Уоррен, сухангӯи Эътилоф, рӯзи 18 ноябр дар Бағдод гуфт, ки тақрибан 500 ситезаҷӯ дар вилояти Найнаво ба нерӯҳои пешмаргаи курдҳо ҳамла карданд. Ҳавопаймоҳои Эътилоф ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” тақрибан 100 бомб андохтанд гуфт ӯ. Дар конфаронси видеоӣ барои хабарнигорон, ки дар Пентагон ҷамъ омада буданд, Уоррен афзуд, фақат нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ тақрибан 200 нафар, ба иттилои ахир, 187 нафар аз ситезаҷӯёнро маҳв карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Эътилоф, алҳол дар бораи он ки нерӯҳои пешмарга чӣ теъдод аз аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро нобуд кардаанд, иттилои дақиқ нест, аммо мусаллам аст, ки ситезаҷӯён дар ин набард талафоти азим додаанд.

Полковник Уоррен гуфт, ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” баъди дар моҳи май аз сӯи ин гурӯҳ ишғол шудани шаҳри Ромадӣ буд. Аз даст додани Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, сахттарин шикасти артиши Ироқ дар ҳадди аққал як соли ахир маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG