Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба осебдидагони зилзилаи рӯзи 7-уми декабр дар вилояти Бадахшон ба маблағи 100 ҳазор доллар кӯмакҳои инсонӣ расонидааст.

Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, ин кӯмакҳо, иборат аз сару либос, хаймаҳо ва таҷҳизоти сохтмонӣ буда ва ба зарардидагони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшону Шуғнон тавзеъ шудаанд. Ин кӯмакҳо ба зарардидагони зилзилаи Бадахшон тариқи Дафтар оид ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ҳангоми офатҳои табиӣ (OFDA) ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) тақдим шудаанд.

Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон зиёни заминларзаи 7-уми декабрро миллионҳо сомонӣ гуфтанд. Дар ин зилзила 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Садҳо хонаи сокинон ҳам дар пайи ин зилзила вайрон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG