Пайвандҳои дастрасӣ

Рафту омади бидуни раводид бо 2 кишвари Шӯравии пешин


Жан Клод Юнкер,раиси Кумиссиюни Аврупо

Жан Клод Юнкер,раиси Кумиссиюни Аврупо

Кумиссиюни Аврупо мегӯяд, ки ду кишвар Украина ва Гурҷистон ба муқаррароти рафту омади бидуни раводид бо кишварҳои Аврупоӣ мутобиқ мебошанд. Кумиссиюни мазкур мегӯяд, шаҳрвандони ин ду кишвар метавонанд ба зудӣ дар соли 2016 ба кишварҳои узви аҳдномаи Шенген бидуни раводад рафту омадро оғоз кунанд.

Кумиссиюни Аврупо ин хабарро 18 декабр эълон кард ва гуфт, ҳали ин масъала акнун ба аъзои Итиҳодияи Аврупо ва ба порламони Аврупо бастагӣ дорад, ки оё онҳо барои ин пешниҳод рай хоҳанд дод ё хайр.

Шояд баъзе кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои ба тасвиб расондани пешниҳоди рафту омади бидуни раводид, ба вижа бо Украина, ба мушкил рӯ ба рӯ шаванд.

Кишварҳои бузурги Аврупо, аз қабили Олмон ҳарос доранд, ки аз миён бардоштани раводид шояд мавҷи муҳоҷирони ин ду кишвар ба Аврупо сарозер шавад.

XS
SM
MD
LG