Пайвандҳои дастрасӣ

Моғеринӣ бо вазирони ОМ мулоқот мекунад


Федерика Моғеринӣ

Федерика Моғеринӣ

Федерика Моғеринӣ - масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо 21 декабр аз Қазоқистон боздид мекунад. Вай дар Остона дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷаи «Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Миёна» ширкат меҷӯяд.

Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон хабар додааст. Тибқи ин хабар, интизор меравад, кидар ин мулоқот вазирон ё муовинони вазирони корҳои хориҷаи Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон низ ширкат ҷӯянд.

Дар мулоқот ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таҳкими марзҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки вазирон роҷеъ ба таҷдиди стратегияи Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба Осиёи Миёна дар бахшҳои маориф, муҳити зист ва тағири иқлим табодули афкор намоянд.

XS
SM
MD
LG