Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Эш Картер аз Афғонистон


Эш Картер
Эш Картер

Эш Картер-вазири дифои Амрико ғайримунтазира барои боздид вориди Афғонистон шудааст, то бо мақомоти низомии Амрико ва Афғонистон мулоқот кунад.

Боздиди Картер дар ҳоле сурат мегирад, ки нируҳои амниятии Афғонистон ақибнишинӣ мекунанд ва ҳамлаҳои Толибон бештар шудааст. Талафоти нируҳои Афғонистон нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст.

Дар гузорише, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Конгресси Амрико нашр шуд, вазорати дифои Амрико мегӯяд, ки аз моҳи январ то нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳамлаҳо дар Кобул нисбат ба як соли пеш 27 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин давра талафоти нируҳои вазорати дифоъ ва нируҳои амниятии Афғонистон низ 27 дарсад бештар шудааст.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки вай ҳузури 9 800 нафар нируҳои Амрико дар Афғонистонро барои соли 2016 тамдид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG