Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лондон ашъори Атобек ба англисӣ муаррифӣ шуд


Арон Атобек

Арон Атобек

Дар Лондон дар дафтари иттиҳоди Unite the Union маросими муаррифии ашъори шоири зиндонии қазоқ Арон Атобек, ки дар Павлодари Қазоқистон адои ҳукм мекунад, доир шуд.

Дар китоби Re-Zona-Nce, ки бо забони англисӣ нашр шуд, шеърҳои Атобек аз маҷмуаи «РЕ-ЗОНА-НС» шомил шудаанд. Баргардони русӣ ба англисии ашъорро шоир Найал МакДэвид ва оҳангсоз Алфия Накипбекова анҷом додаанд.

Маросими муаррифии китоб ба чаҳорумин солгарди ҳодисаҳои декабри соли 2011 дар шаҳри Жанаозен бахшида шудааст.

Арон Атобек аз соли 2006 ба ин сӯ дар зиндон аст. Дар соли 2007 Арон Атобек (ному насаби расмиаш – Арон Едигеев) дар робита ба парвандаи Шанирақи Алмато ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Вай 5 соли ин ҳукмро дар як ҳуҷраи яккасӣ пушти сар кард.

Ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон Арон Атобекро маҳбуси сиёсӣ мехонанд. Атобек бо ҷоизаи «Озодӣ», ки аз сӯи ҷамъияти демократии Қазоқистон таъсис шудааст, қадрдонӣ гардид. Дар соли 2010 вай барандаи ҷоизаи байналхалқии «Озодии эҷод» (Freedom to Create) дар бахши «Эҷодкор дар зиндон» эълон шуд.

XS
SM
MD
LG