Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои “насиҳат”-и падари Муҳиддин Кабирӣ


Тило Кабиров. Акс аз навори Ютуб
Тило Кабиров. Акс аз навори Ютуб

Дар Интернет навори видеоие нашр шудааст, ки дар он Тило Кабиров, падари раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ фарзандаш Муҳиддин Кабириро “насиҳат” мекунад, ки "барои ободии Ватан бикӯш."

Дар пойгоҳи интернетии Ютуб видеои дудақиқаие нашр шудааст, ки дар он Тило Кабиров – падари 95-солаи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ – фарзандашро “насиҳат” мекунад, ки “чӣ қадаре метавонӣ, барои ободии Ватан бикӯш.”

Тило Кабиров дар ин навор, ки рӯзи 17 декабр дар Ютуб аз номи Azrab Atahojaev нашр шудааст, хитоб ба фарзандаш мегӯяд, “эй ҷӯраи Муҳиддин, чӣ қадаре фоидаат мерасад, бирасад, аммо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ дар ҳаққи Ватани мо. Чӣ кардӣ, ки гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ? Назан! Як майда ҳам бошад, барои ободии Ватан бикӯш!”

Тило Кабиров, ки бо як садои гиряолуд сӯҳбат мекунад, меафзояд, “Худо раҳбаронро тавфиқу инсоф бидиҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем то мурданамон.”

Тило Кабиров хитоб ба фарзандаш Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, “ҳеҷ боварӣ надорам, ки ту ягон гапи зиёлатӣ гап занӣ. Лекин назан. Зада ҳам бошӣ агар, бахшиш бипурс. Ягон майда барои хиёнат гап назанед. Тавонӣ, барои ободӣ, натавонӣ, дам зан, ба гуфти халқ.”

Ӯ меафзояд, “хайр дунё бе камбудӣ нест, аз камбудии якдигар бигзаред, дар ҳаққи якдигар дуо кунед. Охир, битавонӣ агар, илоҷаш бошад, биё, ҳаминҷо зиндагонӣ кун, лекин натавонӣ, кори худатро кун. Пеши хориҷиҳо ҳеҷ гоҳ гап задан даркор нест. Ба ҳеҷ кас боварӣ надоранд хориҷиҳо. Гапат медиҳанд, тӯшаи бераҳ.”

Тасдиқи воқеъияти ин навор ва кайу дар куҷо ва дар кадом шароит сабт шуданаш хеле мушкил аст, вале видеои “насиҳат”-и падари Кабирӣ ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз даъвати Тило Кабиров ва чанд тани дигар аз хешовандони наздики Муҳиддин Кабирӣ ба мақомот нашр шуд.

Наздикони Кабирӣ қаблан хабар доданд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабр падари 95-солаи ӯ Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро низ барои бозпурсӣ бурдаанд. Тавре наздикони Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурдаанд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шудааст.

Аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, наздикони Кабирӣ боздошт ё бозпурсӣ нашудаанд, балки кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод аз онҳо хостаанд, то ки фарзандонашро, ки дар хориҷ ба фаъолиятҳои сиёсӣ идома медиҳад, насиҳат кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси 51-солаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ҳарду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҳизбаш Тоҷикистонро тарк кард ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Мақомоти Душанбе дар моҳи сентябр ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард. Аммо Муҳиддин Кабирӣ даст доштанаш дар ошӯби Назарзодаро рад карда, гуфтааст, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат ва таъқиби раҳбарону фаъолони ин ҳизби мухолиф шудааст.

XS
SM
MD
LG