Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад ба узвияти СҶТ дарояд


Муҳаммадризо Неъматзода
Муҳаммадризо Неъматзода

Эрон умед дорад, ки таҳримҳои иқтисодии Ғарбро паси сар хоҳад кард ва бо пайвастан ба гурӯҳҳои бузурги тиҷоратӣ иқтисоди худро густариш хоҳад дод. Ин суханонро Муҳаммадризо Неъматзода-вазири саноати Эрон 17 декабр дар Найробӣ-пойтахти Кения дар ҳамоиши Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат изҳор дошт.

ай гуфт, “ман ба ин ҷо бо паёми муҳим омадаам”, то роҳи узвияти Эрон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро ҳамвор созам.Дар ин созмон 162 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, узвият доранд.

Неъматзода гуфт, “баъд аз солҳо музокира саранҷом ҳамаи нобовариҳо пиромуни барномаҳои ҳастаии Эрон аз миён рафт ва акнун мо қадами баъдиро барои амиқтар ворид шудан ба иқтисоди ҷаҳонӣ мебардорем”.

Ҳоло Эрон бузургтарин кишвари иқтисодист, ки аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат берун мондааст ва робитаҳои тиҷоратиашро бо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо, Чину Русия ва кишварҳои муҳими иқтисодӣ пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG