Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон иҷрои тарҳи ширкати Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистон оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамакнун куллияи амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои низомии пардохтии Visa International дар ин кишвар танҳо бо пули миллии сомонӣ анҷом хоҳад шуд.

Қаблан барои пардохт дар фурӯшгоҳҳо ва муассисоти дигар аз суратҳисоби кортии харидор ё муштарӣ асъори хориҷӣ сурат гирифта ва харидор аз ҳисоби табодули сомонӣ ба асъори хориҷӣ даҳҳо сомонӣ зарар медид.

Зимнан, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати Visa International Service Association дар заминаи истифодаи кортҳои ин ширкат ҳангоми хариду фурӯш ва хизматрасониҳо дар қаламрави Тоҷикистон созишнома имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG