Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёт К. барои 400 000 $ боздошт шуд


Ҳаёт К. Акс аз сомонаи пулиси Свердловск
Ҳаёт К. Акс аз сомонаи пулиси Свердловск

Шӯъбаи Интерпол дар вилояти Свердловски Русия рӯзи 17 декабр аз боздошти шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон Ҳаёт К. хабар дод. Дар амалиёти боздошти ӯ пулиси маҳаллӣ ва маъмурони ФСБ низ ширкат доштаанд. Валерий Горелих, сухангӯи раёсати умури дохилаи Свердловск гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар зодгоҳаш ба қаллобӣ ба маблағи 400 000 доллар айбдор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Ҳаёт К. дар соли 2008 аз яке аз бонкҳои Хуҷанд баррои сохтани корхонаи хурди коркарди пахта 1,7 миллион сомонӣ, ки бо қурби он замон 400 000 долларро ташкил медод, қарз гирифтааст. Вале 700 000 сомонӣ аз ин мблағро барои прадохти қарзи дигараш истифода бурда, бақияро аз худ кардааст. Дар ҳоли ҳозир, масъалаи истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG