Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресс тағирот дар бораи СБП-ро қабул мекунад


Баъд аз чанд соли таъхир қонунбаророни Амрико мехоҳанд ислоҳотеро ба тасвиб расонанд, ки ҳузури кишварҳои нави қудратманд, мисли Чин ва Русияро дар Сандуқи Байналмиллалии Пул афзоиш диҳад.

Баъд аз солҳо худдорӣ аз ин ислоҳот, ки нақши Амрикоро чун саҳҳоми бузург дар Сандуқи Байналмиллалии Пул нигоҳ медорад, раҳбарони Ҷумҳурихоҳ 16 декабр дар паси дарҳои баста ба созиш расиданд, ки пешнависи қонунеро дар бораи тағирот ҳамин ҳафта ба Конгресс бифиристанд.

Чунин ислоҳотро аз ҳоло аксари аъзои Сандуқи Байналмиллалии Пул қабул кардаанд ва бар асоси он мақоми Бразилия, Чину Ҳиндустон ва Русия боло хоҳад рафт. Ин кишварҳо ба 10 узви саҳмиядорони бузурги ин муассисаи молии ҷаҳонӣ ҳамроҳ сешаванд ва онҳо дар равандҳои молии ҷаҳон таъсири бештар хоҳанд дошт.

Дар раҳбарии Сандуқи Байналмиллаии Пул низ тағирот пеш хоҳад омад. Баъд аз Ҷанги дуввуми Ҷаҳон, яъне баъд аз ташкили Сандуқи Байналмиллалии Пул ин бузургтарин тағирот дар ин муассисаи молӣ хоҳад буд.

Интизор меравад, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико 18 декабр пешнависи қонун дар бораи ин тағиротро ба тасвиб расонад.

XS
SM
MD
LG