Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе аз Покистон 5 хатти парвоз хостааст


Мудири идораи авиатсияи граждании Покистон Осим Сулаймон ва раҳбари департаменти авиатсияи граждании Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Раҳмонов рӯзи 17 декабр дар Исломобод созишномаи дуҷонибаи хадамоти ҳавоии байни ду кишварро имзо карданд. Ҳайъати Тоҷикистон аз азмаш барои оғози парвозҳо дар масири Душанбе – Лоҳур ва Душанбе – Исломобод дарак дода, аз Покистон 5 масири парвоз дархост кардааст. Қарор аст, моҳи январ дар Душанбе байни Тоҷикистону Покистон як ёддошти тафоҳум ба имзо бирасад, ки дар он роҳҳои иҷрои созишномаи ҳамкориҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар дақиқ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG