Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон маҳдудиятҳои озмоиши мушакиро рад мекунад


Ҳусейн Деҳқон

Ҳусейн Деҳқон

Эрон ҳеҷ гуна маҳдудият дар барномаҳои мушакиашро қабул надорад. Дар ин бора Ҳусейн Деҳқон-вазири дифои Эрон 16 декабр баъд аз баррасии барномаҳои ҳастаии Эрон дар СММ сӯҳбат кард. Коршиносони СММ ба хулосае расидаанд, ки Теҳрон таҳримҳои мушакиро риоят накардааст.

Ҳусейн Деҳқон дар торнамои вазорат гуфтааст: “Мо бо озмоиши мушаки Имод ба ҷаҳониён нишон додем, ки Ҷумҳурии Исломӣ танҳо бо назардошти манофеи миллии худ рафтор хоҳад кард ва ҳеҷ кишвар наметавонад иродаи худро бар мо таҳмил кунад”.

Деҳқон гуфт, ки Имод “мушаки маъмулӣ” аст ва иддао кард, ки ин мушак барои ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ сохта нашудааст ва Эрон онро барои ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ ба кор нахоҳад бурд.

Вай гуфт, “баъд аз тавофуқоти ҳастаӣ мо озмоиши мушакҳоямонро, тавлиду таҳқиқи онро ҳатто барои як рӯз, як соат ва ё як сония боз надоштаем”.

Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи 1929-ро ба тасвиб расондааст, ки бар асоси он Эрон наметавонад мушакҳои болдореро, ки кулоҳакҳои ҳастаӣ ҳамл мекунанд, озмоиш диҳад.

Аммо коршиносони СММ ба хулосае расидаанд, ки 10 октябри соли равон озмоиши мушаки Имод бар хилофи муқаррароти ин қатънома анҷом гирифтааст.

XS
SM
MD
LG