Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоне нахуствазири Испанияро мушт зад


Як ҷавони 17-сола ба баногӯши Мариано Рахой, нахуствазири Испания, ки дар ҷараёни таблиғоти қаблазинтихоботӣ бо мардум мулоқот мекард, мушт зад.

Ба навиштаи рӯзномаи El Mundo, ин ҷавон аз ҷаноби Рахой хоҳиши якҷоя акс гирифтан карда ва нохост ба нахуствазир бо мушт ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, бархе аз издиҳом аз ин амали ҷавон бо нидоҳои “браво, браво” истиқбол кардаанд. Муҳофизони нахуствазир ин ҷавонро дастгир кардаанд. Ҳанӯз илали ин ҳамла рӯшан нашудааст.

Пас аз ин ҳодиса Мариано Рахой ба сайру гашт дар кӯчаҳои Ла-Корунюва мулоқот бо мардум идома додааст.

XS
SM
MD
LG