Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андуҳу ифтихори Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон


Дар Алмато имрӯз ҳокими шаҳр Бауирҷон Байбек ва фаъолони шаҳрвандӣ ба пояи Ёдгории Истиқлолият дар майдони марказии Республика гул гузоштанд.

Ҳоким Бауирҷон Байбек гуфт, ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон, ки имрӯз таҷлил мешавад, гул мегузорад. Фаъолони шаҳрвандӣ бо роҳбарии сиёсатмадорони мухолиф Жармахон Туякбай ва Жасарал Куанишалин гуфтанд, онҳо ба майдон барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҳодисаи Жанаозен дар соли 2011 ва ҳаводиси декабрии Алмато дар соли 1986 омадаанд. Гулчанбарҳое, ки фаъолони шаҳрвандӣ ба Ёдгории Истиқлолият оварданд, бо навиштаҷоти “Жанаозен 4-сола шуд” ва “Желтоксан-Жанаозен” оро ёфта буданд.

Дар Алмато ба ин чорабинӣ даҳҳо нафар аз фаъолони шаҳрвандӣ ҳозир шуданд. Пулис аз канор иқдоми онҳоро назорат кард.

Дар Қазоқистон имрӯз истироҳат эълон шудааст. Ин кишвар 24-солагии истиқлолятро ҷашн мегирад. Иттифоқан, рӯзҳои 17-18 декабри соли 1986 дар Алмато тазоҳуроти донишҷӯёну коргарони ҷавон алайҳи роҳбари Қазоқистони Шӯравӣ, дастнишондаи Москва Геннадий Колбин баргузор шуда буд. Тазоҳуроти соли 1986 бо нерӯи пулис саркӯб шуд. 16 декабри соли 2011 дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауск эътирози чандҳазораи коргарони нафт тавассути силоҳи оташфишон хомӯш гардид. Дар ҷараёни ҳаводиси Жанаозен ба маълумоти расмӣ 16 кас кушта ва бештар аз 100 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG