Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Эрон набояд тавофуқотро нақз кунад


Саманта Повер
Саманта Повер

Амрико мегӯяд, баъд аз нашри гузориши СММ дар бораи нақзи таҳримҳои ин созмон аз тарафи Эрон фишор хоҳад овард, то бар зидди Эрон иқдомоти амалӣ андешида шавад. 15 декабр Ожонси Байналмиллаии Энержии Ҳастаии СММ дар гузориши худ гуфт, озмоиши мушаки “Имод”-и Эрон, ки қобилияти ҳамли кулоҳакҳои ҳастиро дорад, берун аз чаҳорчӯбаи таҳримҳои зидди Эрон анҷом гирифтааст. Ин мушак 10 октябр озмоиш дода шуд.

Хонум Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ як ҷо бо намояндагони Британияву Олмон ва Фаронса дархост карда буданд, ки дар бораи озмоиши ин мушак гузориш таҳия ва пешниҳод кунанд.

Ҷош Эрнст-сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, мумкин аст Амрико таҳримҳои нави зидди Эронро дар робита бо озмоиши мушаки “Имод” баррасӣ кунад ваБарак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз таҳримҳои нав ҳимоят мекунад, агар мақомоти кашф ба натиҷае бирасанд, ки он ба нафъи амнияти миллии Амрико хоҳад буд.

Хонум Повер аъзои Шӯрои Амниятро муттаҳам кард, ки нахостаанд, бар зидди Эрон тасмим бигиранд, бо вуҷуди он ки баъд аз тавофуқоти ҳастаии моҳи июл Теҳрон чанд бор ин тавофуқотро нақз кардааст. Вале хонум Повер аз ин аъзои Шӯрои Амният ном набурд.

XS
SM
MD
LG