Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон зидди ташкили минтақаи озоди тиҷоратист


Тошканд омода нест дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил диҳад. Дар ин бора Рустам Азимов-муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узв дар Чин изҳори ақида кард.

Рустам Азимов гуфтааст, «Узбакистон ба унвони раиси давраии Созмони Ҳамкории Шонгҳой мехоҳад ба таври ҷиддӣ усули рушди собит ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ҳифз намояд, ҳамкориҳоеро, ки ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ин созмон бошад».

Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ба матбуот хабар додааст. Ба гуфтаи муовини аввали нахуствазир, Узбакистон мехоҳад дар оянда доду гирифти тавлидоти саноатии бозоргир дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG