Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Моро "роҳи душвортар"-е дар пеш аст


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз шаҳрвандонаш хост, ки ба қадри «сулҳу амният»-и кишвари худ расанд ва аз роҳи «субот» берун пой наниҳанд.

Бо зикри ин нукту Назарбоев далел пеш овард, ки беш аз як миллиард сокини сайёра дар минтақаҳои ҷангзада ва ноамни ҷаҳон зиндагӣ мекунад ва дар олам амалҳои террористӣ рух медиҳанд ва садҳо миллион инсон манзилу ҷойи кор ва ғизо надоранд. Дар паёме ба муносибати Рӯзи истиқлоли Қазоқистон Назарбоев гуфт, ки «дар муқоиса бо замони гузашта ва ҳозира моро дар оянда роҳҳои душвортаре дар пеш аст». Ба гуфтаи Назарбоев, таърих номгӯи танҳо пирӯзиҳо нест ва шикастҳо "обутоб" медиҳанд.

Бино бар иттилои Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Қазоқистон аз пойин рафтани арзиши нафт ҳамчунон осебпазир аст. Дар 9 моҳи авали сол суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон аз 4,1% то ба 1% коҳиш ёфтааст.

Қазоқистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёст, ки дар он Русия нақши асосӣ дорад. Аммо муносибати Маскав бо Аврупо баъд аз тасарруфи Қрим бад шудааст. Остона низ аз хатари ифротгароии динӣ ва эҳтимоли даргириҳои иҷтимоӣ нигарон аст. Соҳибназарони ғарбӣ зикр мекунанд, ки дар кишвар мухолифони воқеӣ нестанд ва озодии баён маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG