Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар мунозираҳои номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ бори дигар аз даъвати зиддунақизи худ дар бораи мамнуъ эълон кардани вуруди мусулмонон ба Амрико дифоъ кард.

Вале рақибон аз ин пешниҳоди вай интиқод карданд ва назарҳои худро дар бораи пешгирӣ аз ҳамлаҳои минбаъдаи тундравҳои исломӣ дар Амрико изҳор доштанд.

Ҷеб Буш-раиси пешини аёлати Флорида ва номзади дигар аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфт, ки “Доналдро базлагӯён қабул доранд, вале вай номзади ошӯбгар аст ва вай раиси ҷумҳури ошӯбгар хоҳад буд”. Ҷеб Буш барномаҳои Трампро “пешниҳоди ғайриҷиддӣ” арзёбӣ кард.

Марко Рабио гуфт, ки “нақшаҳои Трамп иҷро нахоҳанд шуд”. Аммо Доналд Трамп дар посух ба ин суханон гуфт, “мо дар бораи инзиво ҳарф намезанем, мо дар бораи амният гап мезанем. Мо дар бораи дину мазҳаб ҳарф намезанем, мо дар бораи амниятъ гап мезанем. Кишвари мо аз контрол хориҷ шудааст”.

Изҳороти зиддинақизи Доналд Трамп ба чолишҳои густарда дучор шуд ва баҳсаҳо то ҳол давом дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG