Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба 1600 парвандаи тундравҳо расидагӣ мекунад


Александр Бортников
Александр Бортников

Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯяд, ки ба парвандаи 1600 нафари алоҳида ва созмонҳо барои ҳамкорӣ бо тундравҳои Давлати Исломӣ расидагӣ мекунад.

Александр Бортников-раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия 15 декабр гуфт, онҳо ошкор кардаанд, ки 2900 нафар шаҳрвандони Русия дар Ироқу Сурия ба гуруҳҳои Давлати Исломӣ пайвастаанд.

Ба гуфтаи Бортников, 198 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд ва 214 нафари дигар ба Русия баргаштаанд. 80 нафари ононе, ки баргаштаанд, маҳкум ба зиндон шудаанд ва 41 нафарашон боздошт гардидаанд.

Пештар Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ҳам гуфта буд, ки аз 5000 то 7000 шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин ба гурӯҳҳои Давлати Исломӣ пайвастаанд.

Бортников гуфт, аз замоне, ки Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурияро оғоз кардааст, хатари Давлати Исломӣ боздошта шудааст.

XS
SM
MD
LG