Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои допинг Зелимхонро аз мусобиқот ва $1000 моҳона маҳрум кард


Зелимхон Юсупов

Зелимхон Юсупов

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи моҷарои допинг Зелимхон Юсупов, легионери кишварро аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпӣ ва гирандагони стипендия берун кардааст.

Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон берун карда шуд ва аз дарёфти стипендияи вижаи Кумитаи миллии олимпии ин кишвар маҳрум гардид.

Ин иқдом дар пайи қарори Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ аст, ки ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кардааст. Ин ниҳоди ҷаҳонии варзишӣ гуфтааст, далели тасмимаш бар асоси кумиссиюни зидди допинг гирифта шудааст.

Ташхиси пешоби Зелимхон Юсупов, ки моҳи майи соли равон, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди “диметилбутиламин” ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст. Ин мавод дар феҳристи доруҳои мамнӯъест, ки Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) таҳия кардааст.

Зелимхон Юсупов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар бо медали нуқра мукофотонда шуда буд. Ҳамакнун медали ӯ ба Эламан Догдурбек уулу (Қирғизистон) супурда шуд.

Лаҳзае аз рақобати Зелимхон Юсупов ва Аҳмад Чақаев. Октябри 2013

Лаҳзае аз рақобати Зелимхон Юсупов ва Аҳмад Чақаев. Октябри 2013

Зелимхон Юсупов, ки шаҳрвандии Русияву Тоҷикистонро дорад ва дар зодгоҳаш - шаҳри Хасавюрти Доғистон - ба сар мебарад, аз соли 2012 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз ин тасмим хабардор ва хеле мутаассиф аст.

Ӯ афзуд, "аз истеъмоли витамине, ки дар таркибаш маводи барои варзишгарон мамнӯъро дорад, пушаймонам. Ба ростӣ, намедонистам, ки он ба “рӯйхати сиёҳ”-и WADA ворид шудааст. Вагарна аз истеъмолаш даст мекашидам. Ин ҷазо ҳамаи нақшаҳои маро барбод дод. Аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон, инчунин аз мубориза барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 маҳрум шудам."

Абдурозиқ Олимов, сармураббии мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо дар чемпионати ҷаҳон ва Олимпиадаи соли 2016 аз Зелимхон Юсупов умеди калон доштанд. “Вале ин ҳодисаи нохуш моро нигарон кард. Зелимхон, ки легионер аст, дар зодгоҳи худ – Доғистон – тамрин мекард ва ман ӯро танҳо дар мусобиқот медидам. Аз назари мо дур буд. Вале ман гумон намекунам, ки ӯ дидаву дониста маводи барои варзишгарон мамнӯъро истеъмол кардааст,” - -афзуд Олимов.

Маҳмуди Абдулло (нафари аввал аз тарафи чап)

Маҳмуди Абдулло (нафари аввал аз тарафи чап)

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Зелимхон Юсупов ба қатори 15 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон, ки ба гирифтани стипендияи олимпӣ барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия машарраф шудаанд, дохил буд.

“Зелимхон Юсупов дар рӯйхати гирандагони стипендияи олимпӣ садрнишин буд. Ӯ, бешак, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 мешуд ва аз вай медали олимпиро чашмдор будем. Ба ӯ ҳар моҳ ба маблағи 1000 доллар стипендия дода мешуд. Ба ҷуз ин, барои омодагӣ ва ширкаташ дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқоти литсензионӣ маблағ ихтисос дода шуда буд. Вале баъди ин ҳодисаи нохуш мо маҷбур шудем, ки бо тасмими кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зелимхон Юсуповро аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпии кишвар ва гирандагони стипендияи олимпӣ хориҷ намоем,” – гуфт Маҳмуди Абдулло.

Зелимхон Юсупов танҳо гуштигири легионери Тоҷикистон нест, ки барои Тоҷикистон медалҳо овардааст. Рустам Муродов, муовини раиси Федератсияи гуштии озод ва юнониву румии Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар

Юсуф Абдусаломов

Юсуф Абдусаломов

гузашта низ дар пайи пирӯзиҳои Юсуф Абдусаломови доғистонӣ парчами Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин-2008, дар чемпионатҳои ҷаҳону қитъаи Осиё ва Бозиҳои осиёӣ борҳо баланд бардошта шудааст.

Вай афзуд, “ҳамдиёри Абдусалом - Зелимхон Юсупов низ дар таърихи варзиши тоҷик чандин саҳифаҳои нав боз кардааст. Вале таассуфовар аст, ки беҳтарин гуштигирамон чунин ҷазои сахт гирифт, инчунин, Федератсияи мо ба маблағи 20 ҳазор франк муҷозот шудааст.”

Қабл аз ин, моҳи ноябри соли 2014 Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳимоятгари мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон Хуршед Бекназаровро ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ барои ду сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум карда буд. Ба гуфтаи AFC, дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки ин ҳимоятгари 20-сола доруи нерӯбахши метилҳексанамин хӯрдааст. WADA – Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг – аз соли 2010 ба ин сӯ метилҳексанаминро ба “рӯйхати сиёҳ”-и маводи истифодааш барои варзишгарон мамнӯъ ворид кардааст.

Қазияи Хуршед Бекназаров нахустин мавриди кашфи допинг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ буд. Ташхиси допинг дар бадани футболбози мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта барои чандин рӯз дар сархати хабарҳои расида аз ин Бозиҳо қарор гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG