Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди манъи сафари хизматчиёни Русия


Палатаи ҷамъиятии Русия ба ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, дар робита ба ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон сафари хизматчиёни давлатӣ дар ҷашнҳои Соли нав ва дар муддати 6 моҳи оянда мамнӯъ шавад.

Дар ин замина номаи расмӣ ба Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ирсол шудааст. Дар ин нома ба тезу тунд шудани равобити Русия бо Туркия, ки дар рӯзҳои ҷашнӣ бештари хизматчиён барои истироҳат ба фароғатгоҳҳои ин кишвар мераванд, таъкид шудааст.

Ҳамзамон, хизматчиёни давлатии Русия метавонанд дар рӯзҳои таътил ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, назири Тоҷикистону Ӯзбакистон ё Ҳиндустон сафар кунанд.

Кумитаҳо дар умури амнияту дифоъ, қонунгузорӣ ва сохтори давлатӣ ва равобити байналмилалииДумаи давлатӣ ё парламенти Русия аз ин пешниҳоди Палатаи ҷамъиятӣ дар мавриди мамнӯъ кардани сафари хизматчиёни давлатӣ барои сафар ба хориҷи кишвар пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG