Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Керрӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо вазири умри хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи 15 декабр дар Кремл гуфтушунид кард. Дар ин мулоқот асосан бӯҳрони Сурия ва вазъ дар шарқи Украина баррасӣ шуд. Қабл аз мулоқот Путин гуфт, ки вазири умури хориҷа Сергей Лавров ба ӯ дар бораи пешниҳодҳои Амрико оид ба Сурия иттилоъ додааст.

Ҷон Керрӣ дар ибтидои сӯҳбат гуфт, ки ИМА ба таваҷҷуҳи ҷиддии Путин ба бӯҳрони Сурия арҷ мегузорад. Ба гуфтаи дипломати воломақоми амрикоӣ, ӯ аз музокирот бо мақомоти Русия пешрафти воқеъӣ дар мавриди қатъи ҷанги шаҳрвандии Сурия ва иҷрои созиши сулҳ дар шарқи Украинаро интизор аст. Аз ин пеш Керрӣ дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ҳам гуфт, агар ду кишвари абарқудрат тавони пайдо кардани мавқеъи воҳидро дошта бошанд, аз ин оламиён фақат манфиат мебинанд.

Ҷон Керрӣ афзуд, Вошингтон ва Маскав дар он бора ақидаи воҳид доранд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба амнияти ҳарду кишвар таҳдид мекунад. Онҳо бадтарин террористоянд, ки ба фарҳангу таърих ва арзишҳои умумибашарӣ ҳамла мекунанд, гуфт вазири умури хориҷии Амрико.

Сергей Лавров ҳам изҳори умедворӣ кард, ки сафари Ҷон Керрӣ ба Русия самарбахш хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, Русия аз Вошингтон истифодаи нуфузаш ба Киев барои ҳалли низоъ дар шарқи Украинаро интизор дорад.

Ин дуввуми сафари Ҷон Керрӣ ба Русия дар соли равон аст – моҳи май ӯ дар шаҳри Сочи бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.

XS
SM
MD
LG